image

Дар ноҳияи Фирдавсӣ озмун барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид

date_range08.08.2023, 14:33 chat_bubble_outline0 remove_red_eye339

Бо иштироки довталабон ва намояндагони сохтору мақомоти дахлдори шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар МТМУ №18-и ноҳияи Фирдавсӣ озмун барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Нахуст доир ба тартби баргузории озмун ба ширкатдорон маълумот дода шуд. Гуфа шуд, ки стипендия дастгирӣ ва ҳавасмандсозии наврасону ҷавонони кишвар мебошад. Аз ин рӯ гирандагони он бояд фаъол бошанд. Ҳамасола барои дастгирӣ ва ҳавасмандсозии наврасону ҷавонон тадбирҳои зиёди маърифатию фарҳангӣ ташкил карда мешавад ва онҳо дастгирӣ меёбанд.

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва сохторҳои маҳаллии он талош доранд, ки озмун дар сатҳи баланд гузаронида шуда, беҳтаринҳо гирандаи ин стипендия шаванд.

Озмун дар синфхонаву кабинетҳои фаннии Муассисиа таҳсилоти миёнаи умумии №18-и ноҳияи Фирдавсӣ ташкилу баргузор шуд.

Ҷойи таъкид аст, ки таъсиси Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони болаёқати пойтахт ҳавасмандкунӣ баро онҳо буда, ба ин васила барои ҷалби бештари хонандагон ба донишандӯзиву илмомӯзӣ, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ мусоидати фаъол менамояд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"