image

Футболбозони «Амонатбонк» яке аз пурқувватарин даста

date_range12.08.2023, 15:52 chat_bubble_outline0 remove_red_eye246

Санаи 11-уми августи соли ҷорӣ бахшида ба ғолибияти дастаи футболбозони «Амонатбонк» дар мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон 2023” миёни дастаҳои ғайрикасбӣ, чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур ҳайати роҳбарикунандаи Бонк, кормандон ва котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Ахмедҷонов ва директори лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов, сармурабии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов иштирок доштанд.

Нахуст Раиси Раёсати Амонатбонк мӯҳтарам Икромӣ С.С. дастаи футболбозони Амонатбонкро барои ғолиб шудан дар мусобиқаи мазкур самимона табрику таҳният гуфта, қайд карданд, ки имрӯз мутахассисони Бонк дар баробари анҷом додани фаъолияти касбии хеш ҳамзамон дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ алалхусус футбол, фаъолона ширкат меварзанд, ки ин албатта боиси ифтихор мо мебошад.

Меҳмонони чорабинӣ низ зимни суханронии хеш қайд карданд, ки дастаи мунтахаби футболбозони Амонатбонк дар аксар мусобиқаҳо аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон дода, имрӯз шомили Лигаи олӣ дониста мешаванд.

Сипас ба дастаи футболбозони Амонатбонк дар вазъияти тантанавӣ “Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон 2023” ва сипосномаи Лигаи футзали Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки аз 16 июл то 11 августи соли 2023 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон 2023” миёни дастаҳои ғайрикасбӣ баргузор гардид, ки дар ин мусобиқа беҳтарин дастаҳои футзалбозони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Раҳими Карим 

"ТВ Душанбе"