image

Намоиши пуршукӯҳ бо муаррифии дастовардҳои меҳнатӣ ва анъанаву суннатҳои мардумии ноҳияи Ёвон

date_range14.08.2023, 15:09 chat_bubble_outline0 remove_red_eye252

Ташкили тадбири оммавии намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо барномаҳои рангин аз ҷониби меҳнаткашони ноҳияи Ёвон дар Боғи кӯдакони шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардида, дар заминаи он номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, бо нархи нисбат ба бозор арзон ба сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе пешкаш карда шуд.

Ҳамин гуна барои фараҳмандӣ ва мусоидат дар ғанисозии сабади истеъмолии мардум бо ташкили гузаҳои хос, аз ҷумла намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ки бо ҳаҷми зиёд аз ноҳияи Ёвон ворид карда шуд аз кабили картошка, пиёз, карам, сабзӣ, каду, помидор, намудҳои гуногуни мева, ва маҳсулоти полези тарбузу харбуз аз ҷониби сокинони ноҳияи Ёвон ба мардуми пойтахт дастрас карда шуд.

Намоиш-фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва муаррифии маҳсули ҳунарӣ бо роҳандозии барномаҳои рангини консертӣ дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанӣ гардонидани дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт роҳандозӣ шуда, дар ин раванд иртибодот ва огаҳӣ аз ҳаёту фаъолияти мардум бештар мегардад. Ҳамин аст, ки ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳатӣ аз ҷониби шаҳру ноҳияҳои кишвар маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ аз дасти аввал пешкаши сокинони пойтахт мегардад.

Бояд гуфт, ки ноҳияи Ёвон дорои маҳсулоти хушсифатӣ ва иқтидорҳои хуби истеҳсолӣ буда, дар ин рӯз бо ифтихори баланд дастовардҳои меҳнатӣ ҳар яке бо номгӯи хос муаррифи карда шуд. Зимни боздид аз маҳсулотҳои кишоварзӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои давлатӣ ба услуб аз ҷумла ташкили фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт баҳои баланд доданд. Чунин тадбир дар заминаи дастуру ҳидоятҳо аз ҷониби роҳбарияти ноҳияи Ёвон дар сатҳи баланд амалӣ гардида, дар заминаи он сокинону меҳмонони пойтахт бо маҳсулоти хушсифату нархҳои дастрас сабади истеъмолии худро ғанӣ гардониданд. Ҳамин гуна дар доираи нақшаи ташкили намоиш-фурӯш сокинону меҳмонони пойтахт тавассути гӯшаҳои хоси намоишӣ аз урфу одат ва рӯзгори сокинони ноҳияи Ёвон огаҳӣ пайдо намуданд. Ташкили намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ то моҳи сентябри соли ҷорӣ амалӣ карда мешавад.

Дар ин рӯз ҳамзамон дар асоси нақша бегоҳии рӯз дар Боғи кӯдакони шаҳри Душанбе намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангӣ-фароғатии бошандагони ноҳияи Ёвон пешкаши меҳмонону сокинони шаҳри Душанбе сохта шуд. Пас аз боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва ибрози суханҳои шодбошиву ёдоварӣ аз дастоварду муваффақиятҳо як барномаи диданӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"