image

Дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз шуд

date_range15.08.2023, 11:29 chat_bubble_outline0 remove_red_eye337

Дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман", баргузор гардид. Даври шаҳрии озмун бо иштироки доираи васеи иштирокчиён ва коршиносону мутахассисони соҳаи фарҳанг дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода шуруъ гардид, ки давоми чанд рӯз идома меёбад.

Дар рӯзи аввали даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон-Ватани азизи ман", ки дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода доир гардид, масъулин аз аҳамияти ин чорабинии фарҳангӣ дар таърихи навини кишвар маълумот дода, иштирокчиён ва ғолибони даври ноҳиявиро, ки ба даври шаҳри роҳ ёфтанд табрик намуданд. Кашфи истеъдодҳои нав аз гӯшаву канори мамлакат ҳадафи асосии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон-Ватани азизи ман" мебошад ва ин иқдом нишонрас низ ҳаст. Дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон-Ватани азизи ман" ҳунармандони ҷавон, хонандагон ва донишҷӯёни донишгоҳу коллеҷу мактабҳои мусиқӣ фаъолона иштирок намуда, ҳунару маҳорати касбии худро назди ҳакамон нишон доданд.

Тибқи маълумот, дар чор ноҳияи пойтахт аз шумораи умумии иштирокчиён 516 нафар ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифта, аз ин ҳисоб 283 нафарашон ба марҳилаи шаҳрӣ роҳ дода шуданд, ки дар ин толор онҳо барои гирифтани роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ сабқат мекунанд. Тӯли чор сол озмуни мазкур дар ҷумҳурӣ аз рӯи се номина - композиторӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ доир мегардид. Имсол озмун аз рӯи 5 номина - композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн гузаронида мешавад. Дар ин даври озмун иштирокчиён дар номинатсияҳои композиторӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ дар жанрҳои академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ суруду оҳангҳои нави хешро дар мавзӯҳои ватану ватандорӣ иҷро намуданд.

Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат роҳандозӣ гардидааст, ки дар он ҳунару истеъдоди ҷавонону наврасон санҷида шуда, баргузории он аз ҷониби ҳунармандону донандагони соҳа назорат ва доварӣ мегардад. Даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон -Ватани азизи ман» дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе чанд рӯз идома мекунад ва ба ҳунари соҳибистеъдодон мутахассисони касбӣ баҳо хоҳанд дод.

Талабова Нилуфар
"ТВ Душанбе"