image

Китобдорӣ ва муосиргардонии китобхонаҳои пойтахт

date_range15.08.2023, 15:12 chat_bubble_outline0 remove_red_eye292

Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе бо мақсади рушди соҳаи китобдорӣ, ҳавасмандгардонии китобдорони китобхонаҳо ва муосиргардонии китобхонаҳои пойтахт семинар - машварати омӯзишӣ баргузор намуд. Дар рӯзи дуюми семинар – машварат, китобдорон ва кормандони масъули китобхонаҳои пойтахт аз Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дидан карданд.

Дар Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандӣ ба китобдорони китобхонаҳои пойтахт, ки иштирокчиёни асосии семинар-машваратанд, бори дигар тарзи дурусти нигоҳдории адабиёту маҷаллаҳо, ҷогузории феҳристи китоб, маҳфуз нигоҳ доштани адабиёт дар рафҳои як ва ошёнаи дуюм фаҳмонида шуд. Китобдорон дар баробари боздид аз китобхонаҳои якдигар ҳамзамон бисёр нозукиҳои пуррагардонии хазинаи китобхонаҳоро омӯхтанд.

Дар идомаи семинар-машварат барои китобдорони шаҳр дар Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нусхаҳои нодири хаттӣ ва минётурҳои “Шоҳнома” аз нав рунамоӣ ва муаррифӣ карда шуд. Ба иштирокчиёни семинар-машварат иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар Маркази мероси хаттӣ 17 ҳазор нусхаҳои хаттии ниёгони мо аз қабили нусхаи аслии “Шоҳнома” Абулқосими Фирдавсӣ аз 1601 мелодӣ, китоби “Қуръони Карим” бо тарҷумаи забони тоҷикӣ дари асри 13, “Куллиёт”-и Саъдии Шерозӣ, “Маснавии Маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, осори хушнависӣ ва наққошиҳо, ҳамзамон адабиёти таҳиянамудаи Марказ нигаҳдорӣ мешавад.

Баъд аз шиносоӣ бо мероси ниёгон ва нусхаҳои хаттӣ китобдорон дар семинар-машварат оид ба омӯзиши роҳҳои муосири ҷалби ҳаводорон ба китобдориву китобхонӣ, тарзи дурусти нигаҳдории осори бузургон мубодилаи афкор намуданд. Гуфта шуд, ки ягона омиле, ки таъриху фарҳанги моро устувор нигоҳ дошт, ин китоб ва осори бузургон буд.

Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"