image

Баргузории даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

date_range17.08.2023, 09:06 chat_bubble_outline0 remove_red_eye300

Таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии тамоми сокинони кишвар соли ҷорӣ низ озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳандозӣ шуда истодааст.

Бо иштирок дар даври шаҳрии Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» беҳтаринҳои даври ноҳиявӣ маҳорати хешро ба ҳакамони озмун нишон доданд. Даври шаҳрии озмун дар МД Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе доир гардида истодааст.

Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023 миёни тарбиятгирандагону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабиву миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ гузаронида мешавад.

Бояд гуфт, ки дар озмун аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок карда метавонанд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"