Истеъдодҳо санҷида мешаванд - даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман!» дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад
Дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанги ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман!» баргузор гардида истодааст.
Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон дар пойтахт даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман!» ҷараён дорад. Озмун бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ баргузор мегардад. Ғолибони озмун бо диплому ҷоиза ва дигар туҳфаҳои кумитаи тадорукоти озмун қадрдонӣ мегарданд.
Озмун аз рӯи номинатсияҳои композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн гузаронида мешавад. Гуфта мешавад, ки ҳар як номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ буда, дар вақти иҷро таълифи асари мусиқӣ, шеър, суруд ва оҳанг ба инобат гирифта мешаванд. Ёдрас мешавем, ки озмуни мазкур бо ибтикори Пешвои миллат аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор баргузор карда мешавад.
Озмун дар байни хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии санъату фарҳанг, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии соҳаи маориф ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин муассисаҳои таълимии хусусӣ, композиторон (оҳангсозон), сарояндагон, овозхонон, навозандагон, ҳунармандон, иштирокчиёни филармония ва театрҳои халқӣ, гурӯҳҳои ҳунарии назди раёсат, шуъба ва бахшҳои фарҳанги вилоят ва шаҳру ноҳия, аъзои ансамблҳои тарона ва рақс ва фолклорӣ, сарояндаҳои санъатдӯст, ансамблҳои оилавӣ, шахсӣ ва истеъдодҳое, ки алоҳида фаъолият менамоянд, иштирок карда метавонанд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ