Озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» дар шаҳри Душанбе
Озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» дар соли 2023 шуруъ шуд. Барои муайян намудани маҳалла ва кӯчаи беҳтарин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Гурӯҳи корӣ таъсис дод. Аъзои Гурӯҳи корӣ иборат аз намояндагони ташкилоту идора ва сохторҳои гуногунӣ шаҳрӣ дар рӯзи аввали корӣ аз чанд кӯчаву маҳаллаи ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Сино дидан карданд.
Комиссия даври шаҳрии озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» дар ноҳияи И.Сомонӣ аз маҳаллаи Азизбеков дидан карданд. Дар маҳаллаи Азизбеков таъмири намои берунии хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон ҷараён гирифт, ки ин раванд имкон медиҳад, то зебоии маҳалла сад баробар бештар гардад. Шинонидани ниҳолони ороишиву ҳамешасабз аз ҷумлаи корҳои ободоние дониста мешавад, ки дар гузаргоҳҳои маҳалла анҷом дода шудааст. Маҳаллаи Азизбеков, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонӣ ба даври шаҳрии озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» пешниҳод гардидааст, имрӯзҳо сарсабзу хуррам аст. Дар ин маҳалла Маркази «Ҳунарҳои мардумӣ» мавҷуд аст. Фаъолияти ин марказ имкон фароҳам меорад, ки истиқоматкунандагон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ ҷалб карда шаванд.
Дар ҷараёни даври шаҳрии озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» аъзои Гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Сино аз маҳаллаи Борбад дидан карданд. Гуфта шуд, ки соли ҷорӣ бо саҳмгузории соҳибкорон қисме аз роҳҳои мошингарди ҳудуди маҳалла асфалтпӯш карда шуд. Биноҳои истиқоматии маҳаллаи Борбад рангубор гардида, корҳои ободонӣ дар қисми дигари маҳалла босуръат идома дорад. Ба пешвози ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар кӯчаи Юсуф Вафои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе корҳои бунёдӣ ҷараён дорад. Корҳои сабзу хуррамгардонӣ дар ин кӯча дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.
Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ