Машваратҳои омӯзишӣ барои аъзои ҲХДТ
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Дастгоҳи Кумитаи Иҷрояи Марказии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино машварати омӯзиширо бо иштироки муовинони раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, кормандони масъули ҳизбӣ ва гурӯҳҳои таблиғотии ноҳияи Сино баргузор намуд.
Дар ҷамъомад намояндагони Кумитаи Иҷрояи Марказии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбеву ноҳияи Сино ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода зимни чорабинӣ зикр дошт, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон аз 30-юми ноябри соли 2022 ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишҳои сиёсии раисони кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ дастуру супоришҳо дода, аз ҷумла иброз доштанд, ки «Дар ин кор зарур аст, ки масъалаи салоҳиятнокии раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, таҷдиди назар гардида, онҳо ба курсу семинарҳои мунтазами такмили ихтисос ҷалб карда шаванд».
Вобаста ба ин, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон семинарҳои омӯзиширо бо иштироки муовинони раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, кормандони масъули ҳизбӣ ва гурӯҳҳои таблиғотӣ ташкил кардааст. Дар ин зимн масъулин дар мавзӯҳои «Оинома дар меҳвари фаъолияти ташкилотҳои иптидоии ҳизбӣ», «Танзими ҳуҷҷатнигорӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва истифодаи низомномаҳои Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар фаъолияти онҳо», «Роҳҳо ва усулҳои нави талиғот» ва «Танзими ҳаракати аъзои ҳизб ва роҳҳои баланд бардоштани сифати корбарӣ дар ташкилоти ибтидоӣ» бо баромаду маърӯзаҳои пурмуҳтавою таҳлилӣ суханронӣ карданд.
Зикр гардид, ки мақсад аз баргузории машварати мазкур баланд бардоштани сатҳу савияи донишҳои сиёсии муовинони раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва гурӯҳҳои таблиғотӣ, тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва шуури сиёсӣ, малакаи корӣ, омӯзиши равандҳои муосири технологӣ, таҳлили вазъи дохилӣ ва берунӣ, тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ, шарҳу тавзеҳи мазмуну муҳтавои тағйиру иловаҳое, ки ба як қатор низомномаву санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ворид карда шудаанд ва вусъати раванди корҳои таблиғотӣ мебошад.
Саодат Тоирӣ
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ