Баргузории намоиш-фурӯши молу маҳсулот, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва дастовардҳои фарҳангии шаҳри Леваканд
Дар боғҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт баргузории намоиш-фурӯши молу маҳсулот, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва дастовардҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома доранд. Аз ҷумла чунин иқдом дар Боғи фарҳангиву фароғатии Кӯли Ҷавонони шаҳри Душанбе доир шуда, дар он ҳунармандони шаҳри Леваканд маҳсули дастранҷи худро пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардониданд. Дар чорабинии мазкур роҳбарияту намояндагони мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, шаҳри Леваканд ва ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок намуда, аз намоишгоҳ дидан карданд.
Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби деҳқонони шаҳри Леваканд дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Кӯли Ҷавонон ба сокинону меҳмонони пойтахт маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, карам, помидор, бодиринг, харбуза, тарбуз, биринҷ, гӯшти гов, меваи хушк, лӯбиёгиҳо ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар пешниҳод гардид.
Дар баробари ин ҳунармандони ноҳия низ дар намоиш–фурӯш фаъолона иштирок дошта, маҳсули дасти худро пешкаши ҳозирин гардониданд. Аз ҷумла, сокинони ин минтақа, махсусан занони ҳунарманди он дар гӯшаҳои алоҳида намунаи ҳунарҳои дастӣ, зардузӣ, гулдузӣ, атласу адрас, нону хӯрокҳои миллӣ ва ғайраро намоиш доданд. Тазаккур дода шуд, ки баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ аз ҷониби шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе иқдоми хубу саривақтӣ баҳри фароғату истироҳати сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ дар боғи фарҳангӣ фароғатии Кӯли Ҷавонони пойтахт барномаи фарҳангии ҳунармандони шаҳри Леваканд пешкаши сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе гардонида шуд. Зимни баромади худ масъулин ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намудани тадбири мазкур ба роҳбарияти шаҳри Леваканд изҳори сипос намуда, иқдоми мазкурро барои таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ муфид арзёбӣ карданд. Ҳамин тавр анҷомбахши тадбири мазкур барномаи мукамали фарҳангии ҳунармандони шаҳри Леваканд буд, ки манзури ҳозирин гардонида шуд.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ