Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангии шаҳри Бохтар
Дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангиву фароғатии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон баргузор шуд.
Бояд гуфт ин тадбири муҳим дар партави дастуру ҳидоятҳои фарҳангпарваронаву ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, ҳам барои сокинони шаҳри Душанбе ва ҳам барои намояндагони аҳолии шаҳри Бохтар ҷашни ҳосилот, иди фарҳангу ҳунар ва санъат арзёбӣ мешавад.
Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ азҷониби деҳқонони ин минтақа ба сокинону меҳмонони пойтахт навъу намудҳои гуногуни маҳсулоти озуқаворӣ бо нархҳои нисбат ба бозор арзон пешниҳод гардиданд. Лозим ба зикр аст, ки шаҳри Бохтар яке аз минтақаҳои пешқадами кишоварзии ҷумҳурӣ аст. Аз ин рӯ меҳнаткашон ва деҳқонону сокинони шаҳри Бохтар он маҳсулотеро, ки дар заминҳои хоҷагии халқ ва ёрирасони шахсии шаҳрвандон истеҳсол шудааст, бо қадри имкон ба сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе пешниҳод намуданд.
Баъд аз намоиши маҳсулотҳои кишоварзӣ ва таъомҳои миллӣ қисмати бегоҳии рӯз дар саҳни боғ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангӣ-фароғатии бошандагони шаҳри Бохтар пешкаши меҳмонону сокинони шаҳри Душанбе гардонида шуд.
Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангиву фароғатии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, ки бо ширкати роҳбарияти ноҳияи Фирдавсии пойтахт ва роҳбарияту масъулони ин ин минтақаи ҷумҳурӣ сурат гирифт, тавонист дар муаррифии шоистаи дастоварҳои муҳими аҳли заҳмат ҳиссаи муносиб гузорад. Таъкид гардид, ки воқеан баргузории чунин чорабиниҳо дар самти таҳкими худшиносии бошандагони манотиқи гуногуни ватани азизамон аз аҳамият холӣ набуда, робитаҳоро боз ҳам тақвият мебахшад.
Пас аз боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва ибрози суханҳои шодбошиву ёдоварӣ аз дастоварду муваффақиятҳо як барномаи диданӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ