Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Маркази намоишиву озмоишии «Шаҳри ҳушманд» дар Пекин шинос шуданд
21 август Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ноҳияи Хайдиени шаҳри Пекин ташриф оварда, бо фаълояти Маркази намоишиву озмоишии «Шаҳри ҳушманд» шинос шуданд.
Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки «Шаҳри ҳушманд» аз дастовардҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, дар муътадилгардонии кори низоми нақлиётӣ, истифодаи самарабахши захираҳои энергетикӣ, содагардонии равандҳои идоракунӣ, баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ, иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти шаҳр, беҳбуди муҳити созгор ва сатҳи зиндагӣ метавонад нақши назаррас дошта бошад.
Имрӯз кишвари Чин бо истифода аз технологияҳои пешрафтаи мониторинг, коркарди маълумотҳои калон ва зеҳни сунъӣ дар самти содда кардани низоми идоракунии шаҳрҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ва пешбурди ташаббусҳо оид ба шаҳрҳои ҳушманд мавқеи пешсафиро дар ҷаҳон касб намудааст.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ