image

Эълон: Рӯзҳои истироҳат дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии ноҳияҳои Айнӣ, Лахш, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Фархор доир мегардад

date_range23.08.2023, 11:34 chat_bubble_outline0 remove_red_eye167

Ба таваҷҷуҳи сокинону меҳмонони пойтахт расонида мешавад, ки дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2023 ба роҳ монда шудааст.

Рӯзи 26-уми август аз соати 8:00 то 11:00 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ намоиш фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии ноҳияи Айнӣ, дар Боғи «Куруши Кабир» аз ноҳияи Лахш, дар Боғи Низомиддин Алишер Навоӣ дар ҳамин соат намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва дар Боғи фарҳангӣ фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар ҳамин соат намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Фархор ташкил карда мешавад.

Ҳамчунин дар ин боғҳо аз соати 17:00 то 20:00 барномаҳои адабиву фарҳангии ноҳияҳои Айнӣ, Лахш, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Фархор гузаронида мешавад.

Рӯзи 27-уми август бошад, аз соати 8:00 то 11:00 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Кӯли ҷавонон» намоиш - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллии ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Муъминобод, дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ аз ноҳияи Носири Хусрав ва дар Боғи «Кӯдакон» аз ноҳияи Балҷувон баргузор мешавад. Намоишҳои фарҳангӣ ва барномаҳои ҳунарии ноҳияҳои Муъминобод, Носири Хусрав ва Балҷувон 27-уми август аз соати 17:00 то 20:00 дар боғҳои мазкур гузаронида мешавад.

Сокинону меҳмонони пойтахи метавонанд дар раванди ин тадбирҳо ширкат намуда, маҳсулоти кишоварзиро бо нархи дастрас харид намоянд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"