Машварати омӯзишии ҳизбиён - Ҳадаф баланд бардоштани савияи донишҳои сиёсии раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Дастгоҳи Кумитаи Иҷрояи Марказии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон машварати омӯзиширо бо иштироки муовинони раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, кормандони масъули ҳизбӣ ва гурӯҳҳои таблиғотӣ баргузор намуд.
Дар ҷамъомад муовини Раиси Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷрояи Марказии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷрояи Марказии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, Раисони Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ва Шоҳмансур ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода зимни чорабинӣ зикр дошт, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон аз 30-юми ноябри соли 2022 ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишҳои сиёсии раисони кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ дастуру супоришҳо дода, аз ҷумла иброз доштанд, ки «Дар ин кор зарур аст, ки масъалаи салоҳиятнокии раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, таҷдиди назар гардида, онҳо ба курсу семинарҳои мунтазами такмили ихтисос ҷалб карда шаванд». Вобаста ба ин, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон семинарҳои омӯзиширо бо иштироки муовинони раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, кормандони масъули ҳизбӣ ва гурӯҳҳои таблиғотӣ ташкил кардааст. Дар ин зимн масъулин дар мавзӯҳои «Оиннома дар меҳвари фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ»; «Шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»; «Танзими ҳуҷҷатнигорӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва истифодаи низомномаҳои Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар фаъолияти онҳо»; «Усулҳои нави таблиғотӣ дар ташкилотҳои ҳизбӣ»; «Танзими ҳаракати аъзои ҳизб ва роҳхои баланд бардоштани сифати корбарӣ дар ташкилоти ибтидоӣ»; бо баромаду маърӯзаҳои пурмуҳтавою таҳлилӣ суханронӣ карданд.
Зикр гардид, ки мақсад аз баргузории машварати мазкур баланд бардоштани сатҳу савияи донишҳои сиёсии муовинони раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва гурӯҳҳои таблиғотӣ, тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва шуури сиёсӣ, малакаи корӣ, омӯзиши равандҳои муосири технологӣ, таҳлили вазъи дохилӣ ва берунӣ, тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ, шарҳу тавзеҳи мазмуну муҳтавои тағйиру иловаҳое, ки ба як қатор низомномаву санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ворид карда шудаанд ва вусъати раванди корҳои таблиғотӣ мебошад.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ