Рӯнамоии китоби тозанашри академик Акбар Турсон бо номи “Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал”
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ доир гардид, ки дар он китоби тозанашри академик Акбар Турсон бо номи “Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал” муаррифӣ гардид. Ин асар ба гиромидошти академик Бобоҷон Ғафуров ва академик Муҳаммад Осимӣ бахшида шудааст.
Дар чорабинӣ, роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон олимону донишмандон ва дӯсторони каломи бадеъ иштирок намуданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ ширкатдорон академик Бобоҷон Ғафуров ва Муҳаммад Осимиро яке аз бузургтарин шахсиятҳои илму сиёсат ва фарҳангу тамаддун тоҷик муаррифӣ карданд.
Гуфта шуд, ки фарзанди фарзонаи миллат, ходими номдори давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ба гирдоварӣ ва бузургдошти таърихи миллати тоҷик ва манзури ҷаҳониён гардонидани он сарф намудааст. Солҳои тӯлонӣ ӯ ба таҳқиқи таъриху тамаддуни мардуми Машриқзамин машғул буд. Ҳамзамон созмондиҳандаи моҳири соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла, шарқшиносӣ буда, барҳақ яке аз бунёдгузорони илми муосири тоҷик ба ҳисоб меравад. Нигоҳи нави таърихию татбиқӣ, илмӣ ба фаъолияти омӯзишӣ, идорӣ-роҳбарӣ ва иҷтимоии академик Муҳаммад Осимӣ; зеҳнияти созандагӣ, омӯзгорӣ, роҳбар – вазири ояндабину мудаббир коргузори хирадманиши давлатӣ-ҳизбӣ, ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, файласуф, шарқшинос, таърихдон, физик ва назари таърихию концептуалӣ-илмӣ ба фаъолияти академик Муҳаммад Осимӣ ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти ин олим дар суханронии масъулин бозкушоӣ шуд.
Дар идома вобаста ба мавзуҳои Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Осимӣ симоҳои барҷаста ва калидии таъриху фарҳанги тоҷик, масоили нақди илмӣ ва адабию бадеӣ дар Тоҷикистон, Академик М.Осимӣ равшангари муаммоҳои фарҳанги тоҷик ва Б.Ғафуров аз нигоҳи муҳаққиқ ва сиёсатмадори араб маъруза пешниҳод гардид.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ