Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангиву фароғатии ноҳияи Айнӣ
Дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангиву фароғатии ноҳияи Айнӣ дар «Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ» доир гардид. Дар ин намоиш-фурӯш ҳунармандону кишоварзон маҳсули меҳнати худро ба сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод карданд.
Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Айнӣ аз ҷониби деҳқонони ин ноҳия ба сокинону меҳмонони пойтахт маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас пешниҳод гардид. Аҳли заҳмати ноҳия бо истифода аз иқлими мусоид ва таъмини шароиту имконоти хоси соҳаи кишоварзӣ бо тавсияи олимони соҳа ва дуруст ба роҳ мондани агротехникаи кишоварзӣ ҳар порча заминро самаранок истифода менамоянд. Онҳо ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, ҳам сатҳи зиндагии хешро беҳтар менамоянду ҳам дар ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ мусоидат менамоянд - мегӯянд масъулини ноҳияи Айнӣ.
Аз намоиш-фурӯши мазкур роҳбарияти МИҲД-и шаҳри Душанбе ва ноҳияи Айнӣ ва намояндагони сохторҳои гуногуни ин ноҳия дидан карда ба кишоварзон барои фароҳам овардани чунин шароит баҳои баланд доданд. Ба гуфтаи масъулин «Дар ноҳияи Айнӣ нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни истиқлоли давлатӣ ва Солҳои рушди саноат эълон шудани солҳои 2022-2026 таҳия шуда, дар доираи он коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ, иншооти соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг, соҳаи варзиш, соҳаи кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, иншооти хизматрасонию савдо ва дигар иншоот бунёд мегарданд». Ҳоло дар саросари ноҳияи Айнӣ меҳнати босуботи бунёдкорона бо авҷу суръати тоза идома дошта, сокинон ва кишоварзон баҳри ботадриҷ афзун гардонидани маҳсулоти кишоварзӣ ва ба ин васила саҳми бориз гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҷаҳду талош доранд.
Ҳамин тавр барномаи консертӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумии ноҳияи Айнӣ дар қисмати дуюми рӯз пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардид.
Бояд гуфт, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе аз 1 июл оғоз гардида, то 3 сентябр идома меёбанд.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ