Корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур
Бо мақсади сазовор таҷлил намудани 32 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе шинонидани гулҳои мавсимӣ бомаром ҷараён дорад. Ҳамзамон баҳри таъмин намудани кӯчаю хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳо бо гулҳои зимистона ва баҳорӣ дар гармхонаҳо давоми 6 моҳи соли 2023 ба миқдори 1,6 миллион дона тухми гулҳои мавсимӣ корида шудааст.
Дар доираи корҳои ободониву хуррамгардонӣ ҳоло дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр кормандони сохторҳои коммуналӣ тадбирҳои бунёдкориро ба роҳ мондаанд, ки мақсади он таъмини тозагии кӯчаҳо ва зебогии шаҳр мебошад. Дар ин замина Кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҳамаруза ба нарм намудани замин ва шинонидани гулҳои мавсимӣ машғуланд.
Дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе солҳои охир пешравӣ дар самти гулу гулкорӣ ва шинонидани дарахту бута бештар ба назар мерасад, ки он аз тарафи кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои навоҳии пойтахт амалӣ мешавад. Имрӯз кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои н.Шоҳмансур ба шинонидани гулҳои мавсимии тобистонаву тирамоҳӣ аз ҷумла Хризонтема машғули кор буданд. Давоми чанд рӯза ст, ки ин амал дар ҳудуди ноҳия ба роҳ монда шуда, дар чанд гурӯҳ кормандони Раёсат ба шинонидани гулҳои мавсимӣ машғул мебошанд.
Тадбирҳои ободонӣ дар доираи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе амалӣ гардидааст. Гулҳо бо шаклу намуди махсус шинонида шуда истодааст, ки ба ҳусни ин мавзеъ зебоии дигарро зам менамоянд.
Кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар тозаву озода ва сарсабзу шукуфон намудани кӯчаву хиёбонҳои пойтахт саҳми муносиб мегузоранд. Бояд гуфт, ки гулкорӣ низ санъат аст ва дар ин маврид тамоми хусусиятҳои он, аз ҷумла мутобиқати рангу бӯй ва табиати гулҳо дар ҳар роҳу роҳравҳо ба инобат гирифта мешавад.
Масъулин иттилоъ доданд, ки гулҳо ҳам дар гармхонаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе парвариш карда мешаванд ва ҳам аз хориҷи кишвар харидорӣ мегарданд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ