image

Ҷаласаи дуюми кумитаи тадорукоти Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» доир гардид

date_range30.08.2023, 10:51 chat_bubble_outline0 remove_red_eye329

Марҳилаи аввали Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат», ки ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ва бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик гузаронида мешавад, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба анҷом расида даври сеюми он рӯзҳои наздик дар назар аст.

Китоби «Тоҷикон» яке аз асарҳои пурарзишу мондагор ба шумор рафта, дар он тамоми паҳлуҳои таърихи пурғановати халқи тоҷик ва муборизаву талошҳояш барои пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ аз аҳди бостон то замони мо дар асоси пояҳои консепсияи илмӣ таҳлилу таҳқиқ гардида, зиндагиномаи халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст. Дар ин доира дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми кумитаи тадорукоти Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» доир гардид, ки дар кори он масъалаи дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ баргузор намудани ин озмун баррасӣ шуд.

Раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат», муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён аз ҳайати доварон даъват кард, ки дар ҷараёни озмун шаффофиятро таъмин намуда, бо иштирокдорон вобаста ба синну сол муносибат намоянд. Таъкид карда шуд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат чор озмуни ҷумҳуриявӣ гузаронида мешуд ва соли ҷорӣ бори аввал ба хотири гиромидошти заҳматҳои академик Бобоҷон Ғафуров ва ба ифтихори 115-солагии ин абармарди роҳи таърих Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» баргузор мешавад ва ҳадафи асосии баргузории озмунҳо, пеш аз ҳама, дарёфти чеҳраҳои нави соҳибистеъдод, донишманд, китобхону сухандон ва тарғиби ҳунару фарҳанг ва илму дониш мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки даври сеюми Озмун дар шаҳри Душанбе, Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон, вилояти Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ аз 12-ум то 22-юми сентябри соли ҷорӣ баргузор мегардад.

Маврид ба зикр аст, ки дар даври дуюми озмун 16 ҳазору 994 нафар нафар иштирок намуданд, ки аз ин шумора 1 ҳзаору 227 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд, ки 90 нафари онҳо ғолибони ноҳияҳои пойтахт мебошанд.

Дар охир ҳайати ҷаласаи озмун ҷиҳати баргузории даври сеюми озмун қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"