image

Дар Боғи “Ирам” намоиши ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб доир гардид

date_range04.09.2023, 13:08 chat_bubble_outline0 remove_red_eye561

Намоиш фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои ҷумуҳрӣ дар пойтахт дар рузҳои истироҳатӣ воқеан ба ҷашни шодиву сурур ва муаррифии суннату ҳунарҳои мардумии бошандагони шаҳру ноҳияҳои кишвар тадбид ёфтааст. Ин навбат аҳли заҳмату ҳунари ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон намоиш - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатиро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе намуданд.

Аҳли заҳмату фарҳанги ду ноҳияи дурдасттарини мамлакат - Ишокшим ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дастовези ҷолибу диданӣ – намоиш - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ ба пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Новобаста аз он ки намояндагони ин ноҳияҳои баландкӯҳи ҷумҳурӣ масофаи дуру дарозро тай карда, ба пойтахт омадаанд, намоиш - фурӯши ташкилнамудаи онҳо низ бо риояи тамоми ҷузъҳояш пешниҳод гардид.

Роҳбарият ва намояндагони ноҳияҳои Мурғоб ва Ишкошим, шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар қатори сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе аз ин намоиш - фурӯшҳо дидан намуда, бо маҳсули дасти кишоварзон ва ҳунармандон шинос шуданд. Боиси зикр аст, ки солҳои Истиқлолияти давлатӣ ва дар натиҷаи таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияҳои Мурғоб ва Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳама самту соҳаҳо рушд намуда, ба гӯшаҳои зебову сайёҳии мамлакат табдил меёбанд.

Хотиррасон мешавем, ки намоиш - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе аз 1 июл оғоз гардидаанд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"