Боло бурдани сатҳи огоҳии занон ва ҷавонон роҷеъ ба ҳифзи мероси ҳуҷҷатӣ ва саҳми ЮНЕСКО дар ҳифзи мероси фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Боло бурдани сатҳи огоҳии занон ва ҷавонон роҷеъ ба ҳифзи мероси ҳуҷҷатӣ ва саҳми ЮНЕСКО дар ҳифзи мероси фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллӣ машварат баргузор гардид.
Директори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ходими илмии Маркази мероси хаттӣ дар ҳамоиш ширкат намуданд. Бояд гуфт, ки соли равон бо дастгириии созмони ЮНЕСКО моҳи октябр Симпозиуми байналмилаии 1050 солагии Аллома Абурайҳони Берунӣ доир карда мешавад. Дар ин замина аз ҷониби роҳбарияти Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои саҳми фаъол дар ташкили Симпозиуми байналмилаии 1050 солагии Аллома Абурайҳони Берунӣ сипоснома тақдим гардид. Баргузории чунин чорабиниҳо дар ВМКБ, Вилоятҳои Хатлон ва Суғд идома дорад.
Чуноне ки Бобоҷон Ғафуров дар китоби худ «Тоҷикон» фармудааст: «Тоҷикон миллате ба шумор мераванд, ки таърихи куҳан дошта, расму оинҳо ва ҳунарҳои мардумии аҷдодии миллии хешро пос дошта, дар тамоми давр барои боз ҳам равнақу тарғиб намудани расму оинҳо ва ҳунарҳои миллӣ пайваста талошҳо варзидаанд». Мероси гаронбаҳои ниёгон, ки дар он паҳлӯҳои зиндагии инсон акс меёбад, порае аз фарҳангӣ миллӣ ва инъикоскунандаи симои миллат буда, яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ дар тамоми давру замон ба ҳисоб меравад.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ