Боздиди тарбиятгирандагони Мактаб-интернати №1 аз Боғи ҳайвонот ва Боғи парчами давлатӣ
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди тарбиятгирандагони «Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор»-и шаҳри Душанбе аз мавзеҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии шаҳри Душанбе доир гардида истодааст.
Ҳамасола дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе ятимону бенавоён бахшида ба ҳама иду ҷашнҳои давлатӣ кӯмаку дастгирӣ меёбанд. Вобаста ба ин дар доираи ҷашни Истиқлоли давлатӣ тарбиятгирандагони Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор”-и шаҳри Душанбе аз МД “Боғи ҳайвонот”-и шаҳри Душанбе ва Боғи парчами давлатӣ дидан карданд.
Дар ин рӯз кӯдакон дар ин макон аз воситаҳои гуногун, ки дар Боғи ҳайвонон гузошта шудааст истифода намуда, бо бозиҳои шавқовар машғул шуданд. Сипас наврасон аз маконҳое, ки дар он ҳайвоноти нодир ҷойгиранд боздид карданд. Зимни боздид аз Боғи мазкур тарбиятгирандагон бо ҳайвоноти нодири боғ шинос гардида, доир ба ҳар яки онҳо маълумот пайдо карданд. Бояд гуфт, ки дар Боғи хайвоноти пойтахт айни замон 1049 сар ҳайвоноти нодир ҷойгир аст, ки аз ин шумора 300 сари онро ҷонварони обӣ ташкил медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки чорабинии мазкур дар доираи иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи 32-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ” ташкил карда шуда, мақсади асосии он огоҳии наврасону ҷавонон аз таъриху фарҳанги миллати тоҷик ва маконҳои сайёҳии пойтахти кишвар ва дар ин замина дар онҳо ташаккул додани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ мебошад.
Давоми рӯз тарбиятгирандагони ин муассиса аз Боғи Парчами давлатӣ дидан карданд. Боиси қайд аст, ки сайёҳати ин наврасон давоми 4 рӯз идома ёфта ҳама кӯдакону тарбиятгирандагони Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор”-и шаҳри Душанбе аз ҳама маконҳои фарҳангию таърихӣ ва сайёҳии шаҳри Душанбе боздид менамоянд.
Ҳамзамон баҳри хотирмон гардидани сайёҳат барои иштирокчиён автобусҳои дуошёнаи замонавӣ ташкил гардида, аз ҷониби намояндагони ҳаҷву зарофат бо қиссаву латифаҳои шӯхиомез табъи тарбиятгирандагон болида гардонида мешавад.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ