image

Истиқболи табибон аз Истиқлол

date_range04.09.2023, 16:08 chat_bubble_outline0 remove_red_eye221

Зимни баргузории чорабинии тантанавӣ роҳбарият ва кормандони Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври хоса истиқбол гирифтанд.

Чорабинӣ бо иштироки кормандони соҳаи тандурустии пойтахт дар толори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Тавре дар ҷараёни пешниҳоди маърӯза зикр гардид, дар даврони 32 соли соҳибистиқлолӣ раванди ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар густариш ёфта, рушди босуръати иқтисоди миллӣ ба амал омад ва сатҳи зиндагии мардум хеле беҳтар гардид, ки ин аз шарофати Истиқлол ва оромии сартосарии кишвари азизамон гувоҳӣ медиҳад.

Зимни баромади худ сардори Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъкид намуд, ки давоми солҳои охир дар баробари бахшҳои дигар рушди соҳаи тандурустӣ низ таъмин гардидааст. Истиқлол аз ҷумла дастовардҳои беназири халқи тоҷик аст, ки бо талоши фарзандони фарзонааш он ба даст омадааст.

Ҳамин аст, ки ҳамасола солагрди он бо ташкили чорабиниҳои илмиву оммавӣ ва маърифатию сиёсӣ аз ҷониби сохторҳои давлатӣ, ташкилоту корхона ва созмону ташкилоти гуногун қайд карда мешавад. Дар ин радиф, кормандони бахши тандурустии пойтахт низ солгарди ин санаи муҳимти таърихиро ба таври хоса истиқбол гирифтанд.

Дар идома ба кормандони фаъоли соҳа аз ҷониби роҳбарияти Раёсат дар вазъияти тантнавӣ ифтихорномаву сипоснома ва медали ҷашнӣ супорида шуд, ки ин амал барои ҳавасмандагрдонии кормандони соҳа заминаи мусоид мегузорад.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"