image

Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангии ноҳияи Ховалинг

date_range05.09.2023, 11:21 chat_bubble_outline0 remove_red_eye233

Макони асосии намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангиву фароғатии ноҳияи Ховалинг Боғи фарҳангӣ-фароғатии Умари Хайёми пойтахт интихоб гардида буд. Дар ин маърака роҳбарияти шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти далвтии ноҳияи Ховалинг иштирок намуданд. Ҳозирин нахуст аз растаи намоиши маҳсулоти кишоварзони ноҳияи Ховалинг дидан карда, ба деҳқонон ҷиҳати дастгирӣ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истифодаи оқилонаи замин изҳори сипос намуданд. Гуфта шуд, ки имсол дар ноҳияи Ховалинг майдони кишти зироатҳо васеъ гардида, бо истифода аз қоидаҳои агротехникӣ деҳқонон ҳосили дилхоҳ ба даст оврадаанд.

Қобил ба зикри хос аст, ки аз анвои гуногуни пешниҳод намудаи маҳсулоти кишоварзӣ, сокинони пойтахт бо нархҳои нисбат ба бозор арзон харидорӣ намуда, барои ташкили чунин чорабиниҳо ба роҳбарияти Ҳукумати мамалкат изҳори сипос намуданд. Гуфтан ба маривд аст, тадбири мазкур рӯзҳои истироҳатӣ дар боғу гулгаштҳои пойтахт ташкил шуда, санаи 3 сентябр ҷамъбаст градид.

Ҳамчунин дар ин рӯз меҳмонон аз маҳсули дастранҷи ҳунармандони ноҳияи Ховалинг дидан карда, ба маҳорати ҳунармандӣ ва кадбонугии занону бонувони ин минтақаи баландкӯҳ баҳои баланд доданд.

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии ноҳияи Ховалинг ҳамагӣ бо тарҳ ва усулҳои хоси миллати тоҷик пешниҳод гардида, ба ҷашнгоҳ таровати тоза зам намуд.

Дар қисмати дуюм барномаи мукаммали фарҳангиёни ноҳия пешкаши сокинони Душанбе гардонида шуд. Ҳозирин ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил крадани ин чорабинӣ ва ба ҳамрайъии мардуми ноҳияи Ховалинг дар ташабусҳои Ҳукумати кившар изҳори сипос намуданд. Гуфта шуд, ки мардуми фарҳангдӯсту меҳнаткаши ноҳияи Ховалинг ҳамеша ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кившар буда, дар самти тадбиқи ҳадафҳои мазкур ҳамеша даст ба коранд.

Дар охир барномаи мукаммали фарҳангии аҳли ҳунари ноҳия манзури бошандагони пойтахт гардонида шуд, ки ба чорабинӣ таровати тоза зам намуд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"