«Стратегияи миллии ҶТ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038: дурнамо ва амалисозии он»
Дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Стратегияи миллии ҶТ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038: дурнамо ва амалисозии он» мизи мудаввар доир гардид. Стратегияи миллӣ - ҳадафҳои дарозмуддат ва вазифаҳои дар самти ҳуқуқи инсонро муайян карда, масъалаи таҳияи сиёсати пешрафта ва ягонаи байнисоҳавиро пешбинӣ мекунад, ки ба мустаҳкам карданги ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон дари кишвар равона гардидааст.
Дар мизи мудаввар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, Сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Ҳамоҳангсози доимии СММ дар ҶТ, Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ, Роҳбари Намояндагии Барномаи Рушди СММ дар ҶТ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ зимни суханронии худ қайд намуд, ки қабули «Стратегияи миллии ҶТ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038» дар робита ба таъсиси мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи соҳибкорӣ ва муовини ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва тақвияти доираи ваколатҳои макоми ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тавассути ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба қонунгузории соҳа, аз ҷумла таъсиси ду шуъбаи нав дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон сурат гирифт, ки аз таваҷҷуҳи хоси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи пешбурди ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дарак медиҳад.
Дар ҷараёни мизи мудаввар иштирокдорон дар мавзӯоти «Ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати ноболиғон», «Баробарӣ ва ғайритабъизӣ», «Ҳимояи шахсони дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ», «Ҳуқуқ ба адолати судӣ ва ҳуқуқ ба баррасии одилонаи судӣ» ва «Ҳамкории байни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон» баромад карда, андешаҳои худро ҷиҳати рушди Стратегияи мазкур баён доштанд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар иштирокчиён ҷиҳати пешбурди «Стратегияи миллии ҶТ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038» пешниҳоду хулосаҳои худро манзур намуданд.
Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ