image

Саёҳати хонандагони Мактаб-интернати №1 дар Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон ва Кохи Наврӯз

date_range06.09.2023, 15:42 chat_bubble_outline0 remove_red_eye230

Давоми чанд рӯз аст, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии таҳсилоти умумии асосии «Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор»-и шаҳри Душанбе аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии шаҳри Душанбе доир гардида истодааст. Дар ин рӯз тарбиятгирандагони Мактаб-интернати мазкур аз Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон дидан намуда, аз ҷониби роҳбаладон доир ба таъриху фарҳанг ва тамоми дастовардҳои миллати тоҷик дар тӯли таърих ба таълимгирандагон маълумоти амиқу муфассал гирифтанд.

Ҳамчунин дар идомаи саёҳат тарбиятгирандагони муассисаи мазкур аз Кохи Наврӯз дидан намуда, вобаста ба шоҳкорихе, ки аз ҷониби созандагони ин кохи зебо анҷом ёфтааст маълумот дастрас намуданд.

Зимни боздид аз Кохи Наврӯз ба наврасон иттилоъ дода шуд, ки толори бошукӯҳу барҳавои «Зарандуд» яке аз калонтарин толорҳои маҷмаа ба ҳисоб меравад. Он 1000 метри мураббаъ масоҳат дошта, бо санъати гаҷкорӣ, гаҷкорӣ дар рӯйи оина ва тиллокорӣ ороиш дода шудааст.

Баландӣ, дарозӣ ва паҳноии он 36-метрӣ мебошад. Қутри қандиле, ки дар он мавҷуд аст, 10 метр ва баландияш 22 метр буда, зиёда аз 6 ҳазору 700 килограм вазн ва 1 600 чароғаки каммасраф ва технологияи махсусе дорад, ки барои тоза кардан, иваз кардани чароғакҳо ва дигар корҳои техникӣ поён фароварда ва боло бароварда мешавад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки чорабинии мазкур бо мақсади огоҳии наврасону ҷавонон аз таъриху фарҳанги миллати точик ва маконҳои сайёҳии пойтахти кишвар ва дар ин замина дар онҳо ташаккул додани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ мебошад.

Умед Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"