image

«Истиқлолият-омили дастовардҳои рӯзафзуни миллӣ». Дар Коллеҷи техникӣ конфронси илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид

date_range06.09.2023, 16:31 chat_bubble_outline0 remove_red_eye203

Бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Истиқлолият-омили дастовардҳои рӯзафзуни миллӣ» конфронси илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабинии навбатӣ бо иштироки олимон, аҳли зиёи кишвар, роҳбарият ва донишҷуён Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ баргузор шуд.

Тавре дар ҷараёни пешниҳоди маърузаҳо зикр гардид, дар даврони 32 соли соҳибистиқлолӣ раванди ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар густариш ёфта, рушди босуръати иқтисоди миллӣ ба амал омад ва сатҳи зиндагии мардум хеле беҳтар гардид, ки ин аз шарофати Истиқлолият ва оромии сартосарии кишвари азизамон гувоҳӣ медиҳад.

Ҳамчунин зимни баромади дигари иштирокчиён қайд карда шуд, ки Истиқлолият аз ҷумла дастовардҳои беназири халқи тоҷик аст, ки бо талоши фарзандони фарзонаашон ба даст омадааст.

Дар идома зикр шуд, ки тавасути истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби арзишҳои миллӣ гардида, мутобиқи Конститутсия роҳи бунёди ҷомеаи демократиро интихоб намудааст.

Дар идомаи чорабинии мазкур ба фаъолони ин муассисаи таълимии касбӣ сипосномаву ифтихорномао тақдим гардид. Баъди пешниҳоди маърузаҳо ва қадрдонии фаъолон барои иштирокчиён чорабинии фарҳангӣ, ки аз суруду тарона иборат буд, манзур гардид, ки писанди аҳли толор гардид.

Саодат Тоирӣ 

"ТВ Душанбе"