Таҷлили 32-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ
Ба муносибати солгарди навбатии Истиқоли давлатӣ дар толори Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бо иштироки роҳбарияти Кумита, меҳмонон аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабинии навбатиро, ки бахшида ба таҷлили Истиқлоли давлатӣ дар толори Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ баргузор гардид, роҳбарияти ин сохтори давлати ифтитоҳ намуда, оид ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, хизматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушди бесобиқаи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар даврони соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуд.
Қайд гардид, ки тайи 32 соли Истиқлоли давлатӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии мамлакат қадамҳои устувор гузошта шуда, давоми ду даҳсолаи охир суръати рушди иқтисодии мамлакат ба ҳисоби миёна ба 7,8 фоиз баробар шуд, даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то зиёда аз 37 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт ва дар ин давра сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ қариб се баробар коҳиш ёфт.
Сипас, раиси фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Обидзода Фозил Саид ва раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода доир ба самараҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, расидан ба қадру қиммат амну осоиш ва сулҳу суботи комил баромад намуда, иштирокчиёни чорабиниро бо ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ муборакбод намуданд.
Баъдан дар вазъияти тантанавӣ ба як гуруҳ собиқадорони меҳнат, ки солҳои тӯлонӣ дар воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ пурмаҳсул меҳнат намуда имрӯз давлатӣ пирӣ меронанд, туҳфаҳои хотиравӣ, инчунин ба гуруҳи калони кормандон барои фаъолияти назарраси меҳнатӣ Ифтихорномаҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардиданд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ