Намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзии шаҳри Ваҳдат
Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Алишери Навоии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти саноатӣ ва хӯрокҳои миллии сокинони шаҳри Ваҳдат ҷараён дорад. Чорабинии мазкур бо мақсади ғанӣ гардонидани дастархони сокинон ва меҳмони пойтахт дар айёми таҷлили ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ баргузор карда шуд.
Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти саноатӣ ва хӯрокҳои миллии сокинони шаҳри Ваҳдат аз ҷониби деҳқонон номгӯи зиёди маҳсулоти тару тозаи кишоварзию саноатӣ, сабзавоту меваҷот, донагӣ, гӯшти чорво бо нарҳои дастрас пешкаши сокинони пойтахт гардонида шуд. Кишоварзони шаҳри Ваҳдат сол аз сол дар заминаи иҷрои дастуру роҳнамоиҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзоиш медиҳанд.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ соҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил гардид ва имрӯз сокинон дар фазои ободу озоди Ватан бо хушҳолӣ ва фараҳи бепоён зиндагӣ мекунанд. Дар ин чорабинӣ ҳамчунин бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дастовардҳо дар соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, саноат ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ба намоиш гузошта шуд. Дар ин тадбири маърифатию иҷтимоӣ як килограмм асали табиии дараи Ромит бо арзиши 60 сомонӣ ба фурӯш гузошта шуд. Ҳамзамон имкониятҳои дараи Ромит ҳамчун минтақаи сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд.
Дар гӯшаҳои алоҳидаи Боғи Алишери Навоӣ аз ҷониби ҳунарамандони шаҳри Ваҳдат, бахусус бонувон намунаи ҳунарҳои мардумӣ -зардӯзию гулдӯзӣ, атласу адрас, инчунин аз коргоҳу корхонаҳои дӯзандагӣ пешниҳоди сокинон гардонида шуд. Табақтарошӣ, сабадбофӣ, қолинбофӣ ва дигар ҳунарҳо дар гӯшаҳои алоҳидаи намоишгоҳ буд.
Дар намоишгоҳ беҳтарин анвои маҳсулоти нонӣ, маҳсули дасти ҳунармандон аз ҷониби кадбонуҳо ба таври густурда муаррифӣ карда шуд. Дар шаҳри Ваҳдат бо ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳё ва рушду инкишофи ҳунару анъанаҳои қадимаи миллӣ тадбирҳои судманд андешида шуда, таваҷҷуҳи ҷавонон ба омӯзиши онҳо тайи солҳои охир дучанд гардидааст.
Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ