Намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Нуробод
Ба истиқболи ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Боғи Куруши Кабир намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти саноатӣ ва хӯрокҳои миллии сокинони ноҳияи Нуробод баргузор гардид.
Дар Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти саноатӣ ва хӯрокҳои миллии сокинони ноҳияи Нуробод, ки дар Боғи Куруши Кабири ноҳияи Шоҳмансур доир гардид, Қурбон Ҳакимзода - Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии навоҳии Шоҳмансур ва Нуробод иштирок намуда, бо маҳсули дастранҷи кишоварзону ҳунармандон шинос шуданд. Дар чорабинии мазкур аз ҷониби деҳқонони ноҳияи Нуробод маҳсулоти ниёзи аввал, номгӯи зиёди сабзавоту меваҷоти тару тозаи кишоварзию саноатӣ, донагӣ, гӯшти чорво бо нарҳои дастрас пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе гардонида шуд.
Масъулини сохтору мақомоти марбута зимни боздид аз растаҳои маҳсулоти кишоварзӣ ба нуқтаҳои намоиш- фурӯши каду ва картошка таваҷҷуҳ карда, дар суҳбат бо деҳконон иброз доштанд, ки навъи кадуи Макка қадима аст. Ин навъи каду имрӯз дар фурӯши озод ва намоишгоҳҳо хеле кам ба назар мерасад. Зеро парвариши он заҳмати бештарро тақозо мекунад. Дар зимн, марди деҳқон иброз дошт, ки ӯ имсол тавонист аз 40 сотих замин 20 тонна каду ва аз 30 сотих замин 10 тонна картошка ҷамъоварӣ намояд. Гуфта мешавад, ки ноҳияи Нуробод майдони кишти маҳсулоти кишоварзӣ, боғҳо зиёд дорад ва сол аз сол ҳаҷми ҳиссаи маҳсулоти кишоварзӣ бамаротиб меафзояд. Картошка, асали табиӣ ва себу ноки ин ноҳия мақбули харидорон гардид.
Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти саноатӣ ва хӯрокҳои миллии сокинони ноҳияи Нуробод як килограмм гӯшти чорвои калон 50 сомонӣ, як килограмм гӯшти чорвои хурд 60 сомонӣ, як килограмм асал 80 сомонӣ як литр ширинии тут 30 сомонӣ, як килограмм картошка 4 сомонию 50 дирам, як килограмм пиёз 2 сомонию 50 дирам, як килограмм себи навъи ҷонатан 5 сомонӣ, як килограмм нок 5 сомонӣ, як килограмм бодиринг 5 сомонӣ, як килограмм қаламфури булғорӣ 5 сомонӣ, як килограмм помидор 3 сомонӣ ва як килограмм каду 3 сомонӣ ба фурӯш гузошта шуд. Дар намоишгоҳ ба мо муяссар шуд, ки бо шаҳрвандони ИМА суҳбат анҷом диҳем. Сокинони штатҳои Калифорния ва Алабама ба баргузории намоишгоҳ баҳои баланд доданд.
Баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дастархони меҳмонону сокинони пойтахтро ғанӣ гардонида, барои захираи бештари буҷаи ҳар як оила мусоидат мекунад. Ёдовар мешавем, ки намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ аз 9 то 15 сентябр дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе аз ҷониби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гузаронида мешаванд.
Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ