Шиносоии иштирокдорони Форуми олимони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ бо дастовардҳои олмиони тоҷик
Дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 14-15 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, Форуми олимони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ доир мегардад.
Иштирокдорони Форуми олимони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, бо фаъолият ва дастовардҳои илми тоҷик дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шинос шуданд. Ба ҳайати олимон роҳбарону ходимони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон шомиланд.
Дар намоишгоҳ дастовардҳои олимони тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд. Меҳмонон аз намоишгоҳ таассуротеи нек бардошта, иброз доштанд, ки дар доираи ҳамоиш як қатор шартномаи ҳамкориро имзо хоҳанд кард.
Маврид ба зикр аст, ки иштирокдорон дар форум мавзуъҳои «Ҳолат ва дурнамои ҳамкории академии минтақавӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ ва табиӣ», «Масъалаҳои бехатарии биологӣ дар Тоҷикистон», «Масъалаҳо ва дурнамои рушди илмҳои ҷомеашиносӣ дар Тоҷикистон дар давраи ҳозира» ва ғайраро баррасӣ хоҳанд кард. Ин аввалин Форум аст, ки бо иштироки сарварони Академияҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон дар пойтахти кишвар баргузор мегардад.
М. Мирхолова
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ