Дар Боғи Куруши Кабир намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангии ноҳияи Рашт пешниҳод карда шуд
Дар доираи сазовор ҷашн гирифтани Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангу фароғатии ҳудуди пойтахт намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ доир гардида истодааст.
Ин навбат дар Боғи фарҳангу фароғатии «Куруши Кабир», масъулину хоҷагидорони ноҳияи Рашт маҳсули дастранҷи хешро пешниҳоди сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе гардониданд. Дар намоишгоҳ ҳама намуд молу маҳсулоти кишоварзи бо нархҳои нисбат аз бозор арзон пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуд.
Намоиши хунарҳои мардуми ва таомҳои миллӣ гушаи дигари ин намоишгоҳро ташкил медод. Сокинону меҳмонони пойтахти дар ин рӯзҳои ҷашни аз ташкили намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии ноҳияҳои кишвар изҳори хушҳолӣ намуда, маҳсулоти ниёзи худро бо нархҳои дастрас харидорӣ карданд.
Хотиррасон мешавем, ки ингуна чорабиниҳои фархангӣ ва намоиш-фуруши махсутҳои кишоварзӣ то санаи 15-уми сентябр дар боғҳои фарҳангии пойтахт баҳри сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе пешниҳод гардонида мешавад. Зеро ин иқдом бо мақсади таъмини сокинони пойтахт бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ва бо нархи нисбатан арзон ва фароҳам овардани фароғату истироҳати онҳо роҳандозӣ шуда, метавонад барои пешгирӣ аз ба таври сунъӣ боло бурдани арзиши маҳсулот дар бозорҳои шаҳри Душанбе мусоидат кунад.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ