image

Барномаи фарҳангии вилояти Хатлон бахшида ба Истиқлоли давлатӣ дар Маҷмааи “Истиқлол”

date_range14.09.2023, 14:51 chat_bubble_outline0 remove_red_eye234

Бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар Маҷмааи “Истиқлол” барномаи бошукуҳи фарҳангии ҳунармандони вилояти Хатлон доир гардид. Барномаи фарҳангии омода намудаи санъаткорони вилояти Хатлон иборат аз савту суруд ва рақсҳои миллӣ буд, ки манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида шуд.

Дар ифтитоҳи чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ, ҳунармандони вилояти Хатлон бо қироати шеър ва суханони шодбошӣ масъулону меҳмонон ва кулли иштирокчиёнро бо ҷашни Истиқлоли Ватан, самимона табрик намуданд. Баҳри иштирок дар тантанаҳои идона сокинони синну соли гуногун дар маҷмааи “Истиқлол” ҷамъ омада, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ваҳдат ва оромиву муттаҳидии Ватан 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил карданд. Суруду таронаҳое, ки дар барномаи консертӣ садо доданд, тараннумгари дӯстиву иттифокӣ, истиқлолу озодӣ, арзишҳои миллӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастӣ буд, ки сокинону меҳмонон ҳаловати руҳиву маънавӣ гирифтанд.

Мавзӯоти ободии сарзамин ва шукуфтанҳою осоиштагиҳо, аз ҷумлаи сурудаҳои дигари ҳунармандон буд. Барномаи консертии ҳунармандони шуъбаи фарҳанги вилояти Хатлон, ки саропо тараннуми ҳунари бемисли чакандӯзону гулдӯзон буд, фазои идонаро боз ҳам ҷолибтар намуд. Баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ яке аз тадбирҳои асили гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ буда, ҳадафи он баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъати волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"