image

Дар меҳмонхонаи “Душанбе-Серена” машқи ғайринақшавӣ дар мавзӯи “Ба амал омадани заминларзаи 6-7 балла” гузаронида шуд

date_range18.09.2023, 11:16 chat_bubble_outline0 remove_red_eye237

Бо мақсади тақвияти фаъолияти касбии кормандони бахши наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фақулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукуматаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста машқҳои тактикӣ дар иншооти гуногунтаъиноти шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд.

Ин навбат бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе дар ноҳияи Шоҳмансур дар ҳудуди меҳмонхонаи “Душанбе-Серена” машқи ғайринақшавӣ дар мавзӯи “Ба амал омадани заминларзаи 6-7 балла” гузаронида шуд.

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи машқи ғайринақшавӣ, қисмати зиёди бинои меҳмонхонаи “Душанбе-Серена” дар ҳолати садмавӣ қарор гирифт. Маъмурияти меҳмонхонаи “Душанбе-Серена” бо мақсади пешгирии талафоти ҷонӣ дар байни кормандон ва меҳмонони меҳмонхона чорабинии эвакуатсиониро гузаронид. Кормандон ва меҳмонон аз дохили бино ба берун баромада ба ҷойи муайяншуда ҷамъ шуданд.

Зикр гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои омӯзишӣ пеш аз ҳама барои баланд бардоштани сатҳи дониши амаливу назариявии кормандон дар ҳолати фавқулодда кӯмаки ҷиддӣ мерасонад. Зеро, ҳолатҳои ногувор, ба монанди сӯхтор ва заминларза тез-тез ба амал омада, сабаби нохушиҳо мегарданд. Кормандони меҳмонхона дар ин самт омодагиву ҳушёрии худро нишон доданд ва маълум гардид, ки онҳо ба қадри кофӣ аз тамоми қоидаҳо огоҳанд.

Корҳои таъхирнопазир ҳангоми рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда - фаъолиятест, ҷиҳати таъмини ҳамаҷонибаи корҳои садамавию наҷотдиҳӣ, расонидани ёрии тиббӣ ва дигар намудҳои ёрӣ ба аҳолӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ҳифзи ҳаёту саломатии одамон.

Ҷойи таъкид аст, ки ташкил ва баргузор намудани чунин тадбирҳои омӯзишӣ агар аз як ҷониб барои огоҳии кормандон аз хатари офатҳои табиӣ ва техногенӣ муҳим бошад, аз тарафи дигар барои тақвияти фаъолияту баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони ин ниҳод зарур мебошад.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"