image

Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Раиси нохияи Исмоилӣ Сомонӣ ҷамъбаст гардид

date_range18.09.2023, 11:46 chat_bubble_outline0 remove_red_eye317

Дар робита бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии ҶТ аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ тайи чанд муддат аст, ки миёни сокинони маҳаллаҳо ва КВД «Манзилхизматрасон»-хои ҳудуди ноҳия мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Раиси ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ доир карда шуд, ки он дар вазъияти тантанавӣ ҷамъбаст гардида ғолибон бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қарддонӣ гардиданд.

Дар мусобиқаи мазкур, ки аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир карда шуд, 16 даста иштирок карда, байниҳам рақобат намуданд.

Баъд аз бозиҳои дӯстона миёни сокинони шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия айён гардид, ки маҳаллаи Шафақ сазовори ҷойи якум, маҳаллаи Заҳматобод ҷойи дуюм ва дастаи футболбозони маҳаллаи Саҳбои ноҳия сазовори ҷойи сеюм гардиданд, ки дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ шуданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"