Тақдими ҷоизаҳо
Зимни ҷамъомади кормандони Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе», ки бо ширкати роҳбарият ва аҳли эҷодиву техникӣ баргузор гардид, бештар атрофи дастовардҳо, ислоҳи камбудиҳо ва торафт беҳтар кардани фаъолият сухан рафт. Аз ҷумла директори Муассиса Маъруфҷон Оқилов –ҳозиринро бо 17-умин солгарди ҳамчун Муассисаи давлатӣ фаъолият доштани ин шабакаи телевизионӣ табрику таҳният гуфта, дар корҳои минбаъдаашон комёбиҳо таманно намуд.
Зикр гардид, ки рӯзи 6 сентябр ба таъсисёбии Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» 17 сол пур шуд, зеро маҳз дар ҳамин рӯзи соли 2006 "Ширкати телевизиони ҷамъиятии "Пойтахт", ки аз соли 1996 фаъолият мекард, бо Қарори Раиси шаҳр ба Муассисаи давлатии “Телевизиони Пойтахт” табдил дода шуд. Баъдан, дар асоси Қарори дигари Раиси шаҳри Душанбе аз 28-уми марти соли 2017 тагйири ном карда, фаъолияти худро ҳамчун “Телевизиони Душанбе” то имрӯз идома медиҳад.
Иброз гардид, ки Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» фаъолияти худро дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талаботи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва супоришҳои мақомоти шаҳрдорӣ амалӣ месозад.
Мувофиқи таҳлилҳо дар давоми нимсолаи аввали соли 2023 дар мачмуъ 321 барномаи муаллифӣ ва 608 барномаи иттилоотии “Вақт”таҳия ва манзури бинандагон карда шудааст. Шуруъ аз ибтидои соли ҷорӣ тамоми рӯйдодҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимову фарҳангии ҷомеа, бахусус пойтахти азизи мо –шаҳри Душанбе дар сатҳи зарурӣ инъикос карда шуд.
Ҳамчунин, бо истифода Студияи сайёри телевизионӣ тамоми чорабиниҳои сатҳи байналмилалие, ки дар пойтахт баргузор мешаванд, сабт ва пешниҳоди дигар шабакаҳои телевизионӣ карда мешавад.
Маъруфҷон Оқилов таъкид намуд, ки ки шуруъ аз моҳи июли соли 2021 то моҳи сентябри соли ҷорӣ 29 нафар тавассути курсҳои омӯзишии Академияи ВАО-и Тоҷикистон маҳорати касбии худро такмил додаанд. Ҳамчунин 10 нафар дар шабакаҳои телевизионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон такмили ихтисос намуданд. Илова бар ин, дар худи Муассиса бо ширкати мутахассисони варзида аз давлатҳои Россия ва Эрон машғулиятҳои такмили ихтисос гузаронида шудааст.
Дар давоми каме беш аз ду соли ахир наздики 50 нафар бо ҷоизаву медалҳо сарфароз гардонида шудаанд. Аз ҷумла, медали “Хизмати шоиста”-1 нафар, нишони “Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон”- 17 нафар, нишони “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон”-5 нафар, “Ифтихорнома”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон–19 нафар, “Ифтихорнома”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон-2 нафар ва “Сипоснома”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 5 нафар.
Дар ҷамъомад ба муносибати 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони фаъоли Муассиса бо нишони “Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон”, “Ифтихорнома” ва “Сипоснома”-ҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дигар ҷоизаҳо сарфароз гардиданд.
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ