image

Рӯзи Дарҳои кушод дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи И.Сомонӣ

date_range19.09.2023, 14:57 chat_bubble_outline0 remove_red_eye228

Бо мақсади ҷалби хонанадагони болаёқати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба маҳфимлҳои сайқали илму дониш дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳия ҳафтаи дарҳои кушод доир гашт. Қабули хонандагон ба Марказ аз рӯйи ҳамаи фанҳои таълимӣ, ҳамзамон маҳфили доимоамалкунандаи «Шоҳмот» сурат гирифта, хонандагони синфҳои 5-11 ҷалб карда мешаванд. Ҳадаф аз баргузории иқдоми мазкур ғолибияти бештари хонандагон дар олимпиадаҳо, дастгирӣ ва рушди хонандагони боистеъдод, фароҳам овардани шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва рушди илмҳои табиӣ-риёзӣ равона карда шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ омӯзгорони пешқадаму ботаҷриба, масъулиятноку донишманд ва ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ҷалб гардидаанд. Бо мақсади ҷалби бештари хоанндагон барои иштирок дар олимпиадаҳои сатҳи гуногун, дарёфти хонандагони болаёқат ва муаррифии истеъдодҳои нав давоми ҳафтаи равон соати 09 то 17 қабули хонандагон дар марказ идома меёбад.

Мушоҳида гардид, ки бештари хонандагони фаъол дар ташаббуси гирифташудаи Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ширкат варзида, донишу маҳорати худро санҷида, ба таҳсил фаро гирифта шуда истодаанд. Шароити таълим дар марказ дар сатҳи баланд буда, тамоми синфхонаҳои он бо усули имрӯза таъмир карда шуда, баҳри хонандагон маҳфилҳои гуногун ташкил гардидааст.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"