image

«Ҳафтаи бозёфт» таҳти чунин унвон дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино рӯзи дарҳои кушод оғоз гардид

date_range19.09.2023, 15:12 chat_bubble_outline0 remove_red_eye325

Аз санаи 18-ум то 23-уми сентябри соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино»-и шаҳри Душанбе рӯзи дарҳои кушод таҳти унвони «Ҳафтаи бозёфт» баргузор мегардад. Дар робита ба ин дар Маркази мазкур рӯзи дарҳои кушод доир гардид.

Қабл аз оғози рӯзи дарҳои кушод таҳти унвони «Ҳафтаи бозёфт» дар саҳни Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино»-и шаҳри Душанбе дастоварди хонандагони Марказ ба маъраз гузошта шуд. Сипас дар ҳар як синфхонаи таълимӣ вобаста ба фаннҳо хонандагон тести санҷишӣ супориданд. Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола дар заминаи Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ҳафтаи дарҳои кушод гузаронида мешавад, ки дар ҷараёни он хонандагони муассисаҳои таълимӣ вобаста ба фанни интихоб кардаи худ санҷиш месупоранд ва пас аз ба даст овардани бали гузариш дар машғулиятҳои марказ ройгон таҳсил манамоянд.

Қобили зикр аст, ки дар Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино» омӯзгорони собиқадор, пешқадаму ихтисосманд ва инчунин ғолибони олимпиадаҳои даври ҷумҳуриявию байналмиллалӣ ҷалб гардидаанд.

Барои таҳсили босифати хонандагон дар муассиса шароити мусоид фароҳам оварда шуда, синфхонаву кабинетҳои фаннӣ пас аз таъмири замонавӣ бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Лозим ба таъкид аст, ки рӯзи дарҳои кушод таҳти унвони «Ҳафтаи бозёфт» дар Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино» дар доираи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва шуъбаи маорифи ноҳия гузаронида мешавад.

Таъкид мешавад, ки Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино»-и шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тайёр намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои фаннӣ ба иттиҳодияҳои таълимӣ, аз қабили забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ, кимия, физика, биология, ҷуғрофия, риёзӣ, таърих, Ҳуқуқ ва технологияи иттилоотӣ омӯзгорони соҳибтаҷрибаро ҷалб намудааст.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"