image

Даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии Маснавихонӣ дар ноҳияи Шоҳмансур оғоз гардид

date_range20.09.2023, 13:43 chat_bubble_outline0 remove_red_eye283

Даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии Маснавихонӣ дар ноҳияи Шоҳмансур бо иштироки зиёда аз 60 нафар хонанда аз муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия роҳандозӣ шуд. Дар ин озмун донишҷуён ва сокинони касбу кори гуногун низ иштирок мекунанд. Тавре гуфта шуд, Бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки ҳамасола дар мамлакат 30 сентябр ҷашн гирифта мешавад, нимаи дуюми моҳи сентябр дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон Озмуни ҷумҳуриявии «Маснавихонӣ» доир мегардад.

Созмондиҳандагони озмуни мазкур Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки 24 майи соли равон «Куллиёти Мавлоно» ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ расман ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.

Дар идома иштирокчиён аз худкардаҳои худро ба ҳайати ҳакамон, ки аз ҳисоби намояндагони МИҲД-и ноҳияи Шоҳмансур, Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе ва коршиносону адибон иборат буд пешниҳод карданд. Тибқи иттилоъ беҳтаринҳои даври ноҳиявӣ бо диплом ва мукофотҳои пули сарфароз гардодида мешаванд.

Хотиррасон мешавем, ки ҳамасола 30 сентябр дар мамлакат Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо баргузории симпозиум, конфронс, ҳамоиш ва маҳфилҳои илмию адабӣ ҷашн гирифта мешавад.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"