Дар театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов мавсими театрӣ бо намоиши спектакли “Исфандиёр” ифтитоҳ гардид
Зимни гиромидошти 75-солагии Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ф. Қосим мавсими 33-ми театри таҷрибавии тамошибини ҷавон ба номи М. Қосимов бо намоишномаи “Исфандиёр” аз рӯи Шоҳномаи безаволи А. Фирдавсӣ дар таҳияи Ф. Қосим оғоз гардид. Инчунин дар ин рӯз китоби хотираҳои Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон шодравон Сабоҳат Қосимова бо номи “Хӯшачинӣ мекунам аз ёдҳо... ё чанд ғуруби офтоб” муаррифӣ ва тақдим гардид. Ин китоб муҳаббатномаест ба унвони азизону пайвандони Сабоҳат Қосимова ва як руҷӯи дардомези муҳаббатрез аст бо гузаштаҳои босаодати зиндагӣ.
Дастаи ҳунарии театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба н. М. Қосим намоишномаи «Исфандиёр»-ро аз рӯи асари «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар оғози мавсими нави театрӣ пешкаши тамошобинони сершумори худ гардонид. Ин намоишнома тасодуфан интихоб нашудааст. Қаблан ин намоишномаро асосгузори театр - Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, коргардон ва ҳунарпешаи маъруф Фаррух Қосимов дар саҳна гузошта буд. Пас аз солҳо он барқарор шуд ва ба муносибати 75-умин солгарди он дубора дар саҳнаи театр муаррифӣ мешавад. Дар спектакл хунарпешагони ҷавони боистеъдод нақшҳои худро бенуқсон иҷро карда, муҳити ин достонро мерасонанд.
М. Мирхолова
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (1)
Иловаи шарҳ