image

Баргузории конференсияи «Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳамгироии байниидоравӣ ва мутобиқати функсионалии низомҳои иттилоотӣ»

date_range21.09.2023, 10:16 chat_bubble_outline0 remove_red_eye278

Дар меҳмонхонаи «Ҳайят Реҷенси»-и шаҳри Душанбе дар мавзӯӣ «Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳамгироии байниидоравӣ ва мутобиқати функсионалии низомҳои иттилоотӣ» конференсия баргузор гардид.

Конференсия бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда дар он сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон, намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва роҳбарону кормандони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои ҳамгироии байниидоравӣ ва мутобиқати функсионалии низомҳои иттилоотӣ ва мушкилоти амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ” мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар раванди конференсия изҳороти роҳбарони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамгироии байниидоравӣ ва мутобиқати функсионалии низомҳои иттилоотӣ бо мақсади беҳтар намудани хизматрасониҳои давлатӣ тавассути таҳияи портали нав сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҳамгироии он бо низоми иттилоотии идораҳои дигар эълон гардид.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"