image

Вохӯрии кормандони мақомоти ҳифзи ҳукуқ ва дигар сохторҳои давлатӣ бо хонандагон баргузор гардид

date_range21.09.2023, 10:56 chat_bubble_outline0 remove_red_eye186

Дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 ноҳияи Шоҳмансур намояндагони шуъбаи кор бо чавонон ва варзиш, шуъбаи занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Шоҳмансур, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва дигар сохтору идораҳо вохӯрӣ бо падару модарон ва хонандагони ин муассиса баргузор гардид. Мақсади баргузории ин вохӯриҳо табодули афкор ва ба роҳ мондани робитаи мустақим бо хонандагон аст.

Зеро дар шароити имрӯзаи ҷаҳон, ки хатарҳои зиёд ба оромиву осудагии кишварҳо таҳдид менамояд, баҳри пешгирии як зумра падидаҳои номатлуб дар ҷамеи мо ин гуна вохӯриҳо заминаи мусоидро фароҳам менамояд.

Гуфта шуд, ки айни замон ҷаҳон дар ростои шадидтарин буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ахлоқиву фарҳангӣ қарор дорад. Дар чунин вазъият кишваре метавонад, аз ин буҳронҳо эмин бошад, ки фарзандони донишманд, фазои орому осуда, суботи сартосарӣ дошта бошад.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"