image

Дастовардҳои занон дар даврони Истиқлол

date_range21.09.2023, 14:34 chat_bubble_outline0 remove_red_eye287

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ибтикори бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия бахшида ба 32 солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки фаъолзанони ноҳия таҳти унвони “Дастовардҳои занон дар даврони Истиқлол” ҳамоиш доир гардид.

Дар ҳамоиш роҳбарияти ноҳия, масъулин, фаъолзанони ҳудуди ноҳия ва коршиносону муҳақиқон иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки давлату ҳукумат ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи дастгирии занону бонувон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ба тавсиф расонидани як қатор Фармону қарорҳо ва қабул гардидани як чанд барномаҳои давлатӣ вобаста ба ҳаёт ва фаъолияти бонувон дар кишвар шаҳодати он аст, ки имрӯзҳо бонувон метавонанд бо дар назардошти салоҳиятнокӣ ва сифатҳои касбию кордонӣ дар ҳама шохаҳои ҳокимият кору фаъолият намоянд.

Ҳозирин зикр намуданд, ки маҳз дастовардҳои даврони Истиқлолият мардуми тоҷикро бозҳам ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ наздиктар намуда, нишон дод, ки ин халқи бузург ҳифзи манфиатҳои миллии хешро ҳадафи волои худ қарор дода, барои рушди давлатдории миллии худ пайваста талош меварзад.

Дар фарҷоми чорабини як қатор бонувон барои саҳми арзанда гузоштан корҳои ҷамъиятӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, инчунин бурдани корҳои ташкилию сиёсӣ дар байнӣ занон, иштироки фаъолзанон дар корҳои ҷамъиятӣ, тақвият бахшидан ба корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва мусоидат намудан баҳри баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа бахшида 32 солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ кадрдони гардиданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"