image

Ҷаласаи намояндагони "Ояндасоз" бо хонандагони муассисаи давлатии таълимии №5

date_range22.09.2023, 09:00 chat_bubble_outline0 remove_red_eye252

Ҷаласаи намояндагони ташкилоти ҷамъиятии "Ояндасоз" бо хонандагони муассисаи давлатии таълимии №5 доир гардид.

Ташкилоти ҷамъиятии "Ояндасоз" бо мақсади тақвият ва рушди малакаҳои касбии ҷавонону наврасон дар самти шуғлнокӣ ва интихоби касби муосир вобаста ба талаботи бозори меҳнат, машғул гардидан ба тиҷорат бо тарз ва усули нав дар ҷаҳони муосир фаъолияти хешро ба роҳ мондааст.

Дар ҷараёни чорабинӣ ба хонандагон тарзи муваффақ шудан дар ин ё он самт фаҳмонида шуд. Ҳамчунин аз дастгириву роҳнамоиҳои роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар сухан рафт. Гуфта шуд, ки ҳама шароит имрӯз барои насли наврасу ҷавон муҳайё карда шудааст ва бо истифода аз ин имконот бояд ҷавонону наврасон илм омӯзанд, касб аз худ кунанд ва ояндаи хешро мунаввар созанду бадин васила дар пешрафти ватан саҳм гузоранд.

«Дар замони муосир, ки амиқшавии нобаробарии кишварҳо зуҳур карда, шиддати таҳдиду хатарҳои пайваста таҳти таъсири рӯзафзуни равандҳои ҷаҳонишавӣ аҳли сайёраро ба ташвиш овардааст, маҳз рушди неруи зеҳнӣ ва истифодаи самараноки он яке аз омилҳои муҳим барои ҳифзу нигоҳдошти манфиатҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз сиёсати ҷавонпарварона ва хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонони кишвар, роҳ додани онҳо ба майдонҳои сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ғамхориву дастгириҳои пайваста имрӯз набзи зиндагии кишвар гардидааст».

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"