Бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии Маснавихонӣ доир шуд
Даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии Маснавихонӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки зиёда аз 100 нафар хонанда аз муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия, донишгоҳу донишкадаҳои олии дар ҳудуди ноҳия фаъолият дошта роҳандозӣ шуд.
Пеш аз оғози чорабинӣ масъулини ноҳия сухан карда баргузории ингуна озмуну чорабиниҳои сатҳи ҷумхуриявиро дар ҳоли ҳозир амри зарури донистанд.
Маврид ба зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба «Соли Румӣ» ки 8-уми сентябри соли 2007 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, чунин иброз намуданд: «шахсияти Мавлоно боиси ифтихор ва сарафрозии мо-тоҷикон ва тамоми башарият аст. Ӯ аслан зодаи Вахшонзамини имрӯза буда, бо қудрати сухан ва нубуғи эҷодиаш ба ҷаҳониён собит сохтааст, ки тоҷикон воқеан миллати куҳанбунёд, бофарҳанг ва соҳибмаърифатанд ва дар эҷоди осори адабиву илмӣ ва фалсафию ирфонӣ дасти тавоно доранд».
Мавриди тазаккур аст, ки дар Тоҷикистон Мавлоно ва осори оламшумули ӯро бахше аз мероси фарҳангӣ ва миллии худ мешуморанд. Дар арафаи гиромидошти 800-солагии Мавлоно, ки соли 2007 дар Тоҷикистон бо қарори ЮНЕСКО дар сатҳи баланд таҷлил гардид, яке аз ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон-собиқ Колхозобод, ки дар водии Вахш доман густурдааст, ба номи Ҷалолиддини Балхӣ иваз гардид.
Хотиррасон мешавем, ки ҳамасола 30 сентябр дар мамлакат Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо баргузории симпозиум, конфронс, ҳамоиш ва маҳфилҳои илмию адабӣ ҷашн гирифта мешавад.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ