image

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии ИДМ баргузор гардид

date_range22.09.2023, 15:35 chat_bubble_outline0 remove_red_eye230

Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд, таҳти раёсати раиси Шӯрои вазирони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар он роҳбарони мақомоти адлияи Ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба танзими ҳуқуқии самтҳои алоҳидаи фаъолияти вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла расондани ёрии ҳуқуқии ройгон ба шахсони воқеӣ, рушди ҳамкории мақомоти ваколатдор дар ин самт, ҷараёни беҳсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Дар бораи Шурои вазирони адлияи давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» аз 26 августи соли 2005 таъсис дода шудааст.

Қарор дар бораи таъсиси Шӯро аз ҷониби панҷ давлат – Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон қабул гардидааст. Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 19 ноябри соли 2019 ҳамроҳ шудааст.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"