image

Шиносоии як гурӯҳ ҷавонони синни даъватӣ аз шароити хизматии сарбозон

date_range23.09.2023, 14:56 chat_bubble_outline0 remove_red_eye419

Дар асоси нақшаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, як гурӯҳ ҷавонони синни даъватӣ - хонандагони Муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсии пойтахт барои шиносоӣ аз шароити хизматии сарбозон ба қисми ҳарбии 10040-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Ҳамоиш бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар он намояндагони Кумита, афсарону сарбозон ва хонандагони таълимгоҳҳои ноҳияи Фирдавсӣ иштирок нмуданд.

Зимни баромади масъулин иброз гардид, ки тарбияи ватандӯстиву худшиносӣ рукни асосии сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб меёбад. Баланд бардоштани эҳсоси ватандустии ҷавонон, равнақи худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии онҳо дар шароити соҳибистиқлолии мамлакат яке аз омилҳои таҳкиму тақвият бахшидани истиқлол ва муҳимтарин фишанги ҳаракатдиҳандаи пешрафти ҷомеа ба шумор меравад.

Маврид ба зикр аст, ки вазифаи ҳар як фарди ватандӯст афзун намудани дастовардҳои Истиқлол ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ мебошад.

Гуфта шуд, ки яке аз рукнҳои давлатдорӣ ин Кувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат на танҳо қарзи фарзандонии ҳар шахс, балки мактабест, ки барои ташаккул, касбомӯзӣ ва маърифатнокии сарбозон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Зимни суханронӣ масъулин иброз доштанд, ки барои ҷавонмард хизмат ба Ватан, муҳофизат аз марзу буми муқаддаси Ватан ин нишонаи нангу номуси баланд ва шарафу эътибори бузург аст.

Зимни боздид аз қисми низомии мазкур, ҷавонон бо шароити хизматии сарбозон шинос гардида, аз шароити буду боши онҳо дидан карданд. Дар навбати худ сарбозон ба ҷавонон силоҳҳои оташфишон, истифодаи дурусти он ва машқҳои ҳарбиро нишон доданд. Шиносоии наздик ва огаҳ гаштан аз ҳаёту шароити хизматии сарбозон ва суҳбат бо онҳо барои ҳарду ҷониб ҷолиб ва хотирмон сурат гирифт.

Дар идома миёни сарбозони қисми низомии мазкур бозиҳои гуногуни варзишӣ баргузор карда шуд, ки ҳозирин дар онҳо фаъолона иштирок намуданд.

Дар рафти чорабинӣ ба сарбозону афсарон барои хизмати содиқонаву софдилона дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосномаву ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

М. Мирхолова 

"ТВ Душанбе"