image

Вохӯрии кормандони мақомоти ҳифзи ҳукуқ бо хонандагони  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6

date_range23.09.2023, 15:12 chat_bubble_outline0 remove_red_eye288

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ноҳияи Исмоили Сомонӣ вохӯрии кормандони мақомоти ҳифзи ҳукуқ бо хонандагони муассиса ва падару модари онҳо баргузор гардид.

Бо иштироки намояндагони МИҲД ноҳияи Исмоили Сомонӣ, масъулини шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Прокуратураи ноҳия ва дигар сохтору идораҳо вохӯрӣ бо падару модарон ва хонандагони МТМУ №6 баргузор гардид.

Мақсади баргузории ин вохӯриҳо табодули афкор ва ба роҳ мондани робитаи мустақим бо хонандагон аст.

Дар вохӯрӣ доир ба масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстремизм, тақлиди фарҳанги бегона, худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватанустӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат схаронӣ сурат гирифт.

Ҳамзамон мавзӯҳои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, чораҳои зиддибуҳрониву муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ, ташвиқи китобхониву китобдӯстӣ ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагӣ миёни ширкатдорони мулоқот баррасӣ карда шуд.

Саодат Тоирӣ 

"ТВ Душанбе"