«Рӯдакӣ ва замони муосир». Баргузории ҳамоиши илмию адабӣ дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
Таҳти унвони «Рӯдакӣ ва замони муосир» ҳамоиши илмию адабӣ бо ибтикори кафедраи назария ва таърихи адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи бузургдошти сардафтари адабиёти классики тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Донишгоҳ, шоира Шаҳрияи Аҳтамзод ва ҳайати устодону донишҷӯён ширкат варзиданд. Зимни баромади масъулин зикр шуд, ки тибқи ахбори сарчашмаҳои адабию таърихӣ устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сермаҳсултарин шоири форсу тоҷик ба шумор меравад ва мероси адабии ӯ таваҷҷуҳи аҳли адабро бештар ҷалб кардааст. Тӯли зиёда аз 20 сол мешавад, ки мо санаи 22 сентябрро дар саросари кишвар ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн мегирем. Таҷлил аз ин рӯз самараи сиёсати ватандӯстона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо ҳадафҳои худшиносии миллӣ, шинохти ҳувияти миллӣ ва рӯ овардан ба асолати маънавии худ мебошад.
Ифтихори миллии мо, тоҷикон аст, ки маҳз ин абарустоди сухан Одамушшуаро, Асосгузори адабиёти форсу тоҷик, падари шеъри порсӣ дониста мешавад. Шеъри устод Рӯдакӣ дар тарбияи худшиносии ҷавонон нақши назаррас дорад ва имрӯз ҳар як тоҷик аз мисраъҳои гуҳарбор ва пурмаънои устод Рӯдакӣ маънавиёти худро бой мегардонад.
Дар охир як қатор иштирокчиён, ки вобаста ба Рӯзи Рӯдакӣ дар рӯзномаву ҳафтаномаҳо мақола чоп намуданду ғолиб шуданд, бо мукофтҳои пулӣ ва ифтихорномаву сипоснома қадрдонӣ гардиданд.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ