image

Дар Муассисаи таҳсилоти томактабии №127-и ноҳияи Фирдавсӣ дарси кушоди намунавӣ бо унвони «Қоидаи ҳаракати роҳ» доир гардид

date_range23.09.2023, 17:56 chat_bubble_outline0 remove_red_eye243

Чорабинии маърифатӣ-омӯзишӣ бо иштироки тарбиятгирандагони Муассисаи таҳсилоти томактабии №127-и ноҳияи Фирдавсӣ доир гардид. Мақсади чунин чорабинӣ мустаҳкам намудани дониши кӯдакон дар самти донистани қоидаҳои бехатарии роҳ, пешгирӣ намудани ҳолатҳои фоҷиабор дар байни тарбиятгирандагон, инкишофи нутқ, фаҳмиш ва хотираи зеҳнии наврасон мебошад.

Зимни баромади иштирокчиён қайд гардид, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз рӯйи нишондоди Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» асос ёфта, тартиби ягонаи ҳаракатро дар роҳҳои ҶТ муқаррар менамоянд.

Нақшаи дарс аз чанд шарт иборат буд: Баромади кӯдакон – Хондани шеър дар мавзӯи ҳаракати бехатар дар роҳ, саҳначаҳо, суруди чароғаки раҳнамо ва ғайраҳо. Дар самти иҷрои шартҳо тарбиятгиранагон фаъолона ширкат намуданд.

Чунин чорабиниҳои маърифатӣ ба тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимӣ таъсири мусбӣ расонида, дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки чорабиниҳои маърифатӣ-омӯзишӣ зиёд карда шавад.

Саодат Тоирӣ 

"ТВ Душанбе"