Пешгирии ҷавонон аз шомилшавии гурӯҳҳои ифротӣ
Пешгирии ҷавонон аз шомилшавии гурӯҳҳои ифротӣ «Пешгирии амалҳои номатлуб, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо, созмонҳои характери диниву террористӣ ва экстремистидошта». Чунин буданд мавзӯоте, ки масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии шаҳри Душанбе дар вохӯрӣ бо волидон, варзишгарон ва хонандагони синфҳои болоии МТМУ №100 мавриди муҳокима қарор доданд.
Гуфта шуд, ки имрӯз мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон вазифаи дастаҷамъонаи тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад.
Қайд гардид, ки ифротиён тавассути шабакаи интернетӣ, сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ мафкураи дар ҳоли рушди ҷавононро ба сӯйи худ гирифта, мағзшӯйӣ мекунанд. Онҳо бо истифода аз навиштаҷоте, ки дар таркиби матнашон мазмуну иттилооти ифротӣ доранд, ҷавононро гумроҳ мекунанд. Дар маводҳои видеоии баъзе сомонаҳо мафҳумҳои даъват ба таври оммавӣ паҳн мегардад, ки оқибати хатарзои онро наврасону ҷавонон эҳсос намекунанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 то имрӯз фаъолияти 25 ташкилоти экстремистӣ террористӣ ошкор карда шудааст, ки шомил ва аъзо шудан ба сомона ва шабакаҳои иҷтимоии онҳо ҷавобгарии ҷиноӣ дорад. Паҳн кардани мавод аз нишонии ташкилоти мамнуъ қатъян манъ мебошад. Террористтон аз интернет истифода бурда ба гурӯҳҳои худ аъзо ҷамъ карда, мардумро ба низоъи динӣ равона месозанд. Ҷавонон, ки дониши мукаммали динӣ надоранд, зуд фирефтаи суханҳои хоинону ҷоҳилон мешаванду видеои онҳоро дар саҳифаҳои худ бознашр ва ё тақсим мекунанд, ки ин маали ҷавонон боиси ташвиши ҷомеа ва нигаронӣ аст.
Дар вохӯрӣ иттилоъ дода шуд, ки дар як муддати муайян нисбати амалкарди 82 нафар парвандаи ҷиноятӣ кушода шуд, ки 13 нафари онҳо донишҷӯён мебошанд.
Зимни вохӯрӣ баромадкунандагон пешниҳод карданд, ки ҷавонон дар шабакаи интернет ба саҳифаҳои шубҳанок ворид нашаванд, ба доми фиреб наафтанд, ашхосеро ки намешиносанд ба дӯстӣ қабул накунанд, матлабҳои дорои характери динӣ ва сиёсии шубҳанокро тамошо накунанд. Набояд фаромӯш кард, амали ҳар нафари мо дар шабакаҳои интернетӣ зери назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад. Танҳо истифодаи дурусти шабакаи интернет метавонад моро ба мақсад бирасонад.
Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ